Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Ироқ


Як узви шиъа ва пешгоми эътилофи ҳокими Ироқ хуруҷи комили нирӯҳои хориҷиро аз кишвараш талаб кард ва ҳама гуна эҳтимоли бунёди пойгоҳҳои доимии онҳоро рад намуд. Аммор Ҳаким, яке аз сарони Шӯрои олии исломии Ироқ дар маъракаи таҷлил аз Иди Фитр гуфт, "дар хоки Ироқ бояд ҳеҷ гуна пойгоҳи нирӯҳои хориҷӣ боқӣ намонад." Вай ҳамчунин аз нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида даъват кард, дар истифода аз силоҳ боэҳтиёт бошанд. Даъвати ӯ баъд аз ҳодисаҳои дар бомбаборонҳо кушта шудани ғайринизомиёни шиъа ва суннӣ дар атрофи пойтахти Ироқ садо дод. Дар ҳамин ҳол хабар расид, ки бар асари мушакборон ду сарбози амрикоӣ дар урдугоҳи Викторияи Бағдод ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG