Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайрати Лукашенко аз Путинпарастӣ дар Русия


Раиси ҷумҳурии худкомаи Беларус Аляксандр Лукашенко мегӯяд, аз таваҷҷӯҳи беш аз ҳадди Русия ба раҳбари Кремлин, Владимир Путин нигарон аст. Лукашенко гуфт, вай дар ҳайрат афтод, вақте конгресси ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" хост, Путин сарвазири ояндаи Русия бошад. Вай афзуд, хеле дар хавотир аст, ки Русия ба ақиб, ба замони шӯравӣ бармегардад. Лукашенко чанд сол пеш иттиҳоди кишварашро бо Русия тақозо дошт, аммо ахиран зимни афзоиши нархи маводи сӯхти Русия барои Беларус аз Маскав дилсард шуд.

XS
SM
MD
LG