Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи фармондеҳи пешини ҷанги Ироқ ба Кохи Сафед


Собиқ фармондеҳи аршади нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ гуфт, "шикасти фалокатомез"-и шеваи раҳбарии ҳукумати Буш дар Ироқ Амрикоро ба низоъи кобусие кашидааст, ки роҳи раҳоӣ аз он рӯшан нест. Изҳороти генерали бознишаста Рикардо Санчез то ҳол шадидтарин баёноти як раҳбари низомии Амрикост, ки дар ҷанги Ироқ ширкат доштааст. Вай теғаи танқидҳои худро ба Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед равона кард. Дар давраи хидмати ӯ дар Ироқ сарварии ин ниҳодро вазири ҳозираи умури хориҷии Амрико Кондолиза Райс дар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG