Пайвандҳои дастрасӣ

Русал ба Қирғизистон рӯ овард


Ширкати "Русский алюминий" ва ё Русал хабар дод, ки бо ҳукумати Қирғизистон дар бобати сохтани як корхонаи тавлиди алюмин дар водии Чуи Қирғизистон ба тавофуқ расидааст. Сергей Кириенко, раиси иттиҳодияи "Росатом"-и Русия ва ҳамзамон раҳбари кумисюни байнидавлатии ҳамкорӣ бо Қирғизистон гуфт, барои таъмини корхонаи нав бо маводи хом, Русал инчунин корхонаҳои тавлиди боксит ва гилхок низ хоҳад сохт. Ба гуфтаи Кириенко, захираҳои инержии Қирғизистон имкон медиҳанд, Русия дар бобати бунёди муҷтамаъи инержӣ ва маъдан дар Қирғизистон низ тарҳеро омода кунад. Сарвазири Қирғизистон, Алмосбек Атамбоев ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, сармоягузории Русия ба ин барномаҳо 5 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Дар соли 2004 ширкати Русал эълон карда буд, ки дар Тоҷикистон як корхонаи бузурги тавлиди алюмин бино мекунад ва барои таъмини он бо нирӯи барқ сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғунро ба итмом мерасонад.
XS
SM
MD
LG