Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори дигарбораи Алберт Гор ба ҷаҳониён


Муовини пешини раиси ҷумҳури Амрико Ал Гор гармоиши курраи Заминро ҳолати фавқуллода дар саёра хонд ва гуфт, маблағи ҷоизаи сулҳи Нобелро барои боло бурдани огаҳии мардум роҷеъ ба ин масъала масраф хоҳад кард: "Ин як чолиши бисйор хатарнокест, ки мо бо он ҳаргиз рӯ ба рӯ нашуда будем, вале ҳамзамон имкони аз ҳама бузург аст, ки кореро анҷом диҳем, ки як рӯз ҳатман бояд он анҷом шавад. Ин фурсатест, ки тамоми ҷаҳон дарк намояд, ки мо ба чӣ падидае ру ба ру шудаем. "

Рӯзи ҷумъа Ҷоизаи сулҳи Нобел ба Ал Гор ва Кумиссиёни байнидавлатии нозир бар тағйири иқлими Созмони Милал эъто шуд. Ҷоизаи сулҳи Нобел, ки якуним миллион долларро ташкил медиҳад, моҳи декабр байни Ал Гор ва кумиссиёни мазкури Созмони Милал расман тақсим мешавад.

XS
SM
MD
LG