Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти корманди СММ ба зиндон


Як додгоҳи Амрико дипломати собиқи Русия дар Созмони Милал Владимир Кузнетсовро дар фасоди молӣ гунаҳкор дониста ва ба чаҳор солу се моҳи зиндон маҳкум кард.

Аввоили соли равон додгоҳ Владимир Кузнетсовро дар шустушуи бештар аз 300 ҳазор доллар муттаҳам дониста буд. Ин дипломати собиқро соли 2005 боздошт ва аз мақомаш маҳрум карданд.

Додгоҳ ҳамчунин амр дод, то Кузнетсов 74 ҳазор доллар ҷарима пардозад. Ин дипломати собиқи рус мегӯяд, ки ҳеҷ гуноҳе надорад.
XS
SM
MD
LG