Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ марги ғайринизомиёнро иҷтинобнопазир хонд


Ҳукумати Ироқ гуфтааст, ки ҳалокати афроди бегуноҳ дар мубориза ба зидди Ал Қоида иҷтинобнопазир аст. Сухангӯи ҳукумати Ироқ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ҳалокати 15 зан ва кудак дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба як маҳалли суннинишин ҳузнангез аст, вале ин минтақа як пойгоҳи шинохта барои шуришиён будааст.

Ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ барои қатли афроди баландмақоми Алқоида дар наздикии Кули Тартар дар марзи Сурия сабаби ҳалокати афроди осоишта шуд. Куштани ғайринизомиён аз сӯи сарбозони амрикоӣ ва маъмурони амниятии ширкатҳои хусусӣ сабаби хашми мардум дар Ироқ шудааст.

XS
SM
MD
LG