Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши рушди иқтисодиёти Қазоқистон


Коргоҳи гази Қарачаганаки Қазоқистон

Коргоҳи гази Қарачаганаки Қазоқистон

Ожонсии байнулмилалии "Standard & Poor", яъне "Меъёр ва Фақр", ки нишондодҳои иқтисодии кишвархоро таҳлил мекунад, имсол ҷумҳурии нафтхези Қазоқистонро дар сатҳи поинтар аз нишондодҳои солҳои гузашта қарор додааст.

Яке аз сабабҳои аслии коҳиш ёфтани равандҳои рушди иқтисодии ин давлат афзоиши қарзҳои хориҷии бонкҳои ин кишвар шумурда мешавад.

Ҳамзамон нашрияи "Файненшал таймс", чопи Лондон, дар яке аз шумораҳои ахири худ навишт, ки ҳаҷми қарзҳои хориҷии бонкҳои Қазоқистон 40 миллиард доллар, яъне бештар аз 50 дарсади ҷамъи сармоягузориҳои ғайримутаносиби ин бонкҳоро ташкил додааст.

Тайи солҳои ахир иқтисоди Қазоқистон бо даромад аз фурӯши нафт солона то 10 дар сад рушд меёбад. Ва ба хотири таъмини рушди бештар, ин кишвар аз бозорҳои ҷаҳонӣ бештар сармоя қарз мегирад. Ин дар холест, ки мизони қарзгирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ боло меравад.

Дар ҳоле, ки аксар таҳлилгарони иқтисодӣ дар Қазоқистон нишондодҳои ин ду созмони бонуфузи байнулмилалиро барои ояндаи ин кившар чандон хуш арзёбӣ намекунанд, аммо аз ҷониби дигар, таъсири онро ба таври ғайримустақим мусбат мешиносанд. Қаноат Берентаев, коршиноси қазоқ, бар ин назар аст, ки як ҷиҳати мусбати поинравии нишондодҳои Қазоқистон дар он аст, ки бонкҳо акнун қарзи камтар мегиранд ва ин боиси ислоҳшавии қарзҳои берунаи кишвар хоҳад шуд.

Тибқи пешгӯиҳои оҷонсии "Меъёр ва фақр" дар солҳои оянда бояд интизор шуд, ки рушди солонаи иқтисодии Қазоқистон дар ҳудуди аз 6 то 8 дар сад қарор хоҳад гирифт. Яъне хеле камтар аз ҳудуди 10 дарсаде, ки Қазоқистон тайи чанд соли ахир дошт.

XS
SM
MD
LG