Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти миёни Маскаву Вошингтон ноком анҷом ёфт


Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар масоили ПРО ваё дифоъ аз ҳамлаи ҳавоӣ ба мувофиқа нарасиданд. Дар ин бора Кондализа Райс – Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида баъди анҷоми музокирот бо мақомоти Русия иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон музокирот бо мақомоти Чехия ва Полша дар мавриди бунёди сипарии мушакии Амрико дар қаламрави ин кишварҳоро идома хоҳад дод. Вазири хориҷаи Амрико афзуд, ки ҷонибҳои вориди музокирот арзёбиҳои Маскав дар ин мавридро ба инобат хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, Маскав ва Вошингтон дар мавриди арзёбии таҳдидҳое, ки баъди бунёди сипари мушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ пайдо хоҳанд шуд, ихтилофи назар доранд.

Кондализа Райс ва вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс ба хотири анҷоми музокирот оид ба таъмини суботи стротегӣ вориди Маскав шуданд. Тарҳи мустақаршавии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави Аврупо дар меҳвари музокироти онҳо бо мақомоти Русия қарор дошт.

XS
SM
MD
LG