Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Роғун бармегардад?


Анатолий Чубайс дар нишасти вазирони энержии ИДМ дар Душанбе.

Анатолий Чубайс дар нишасти вазирони энержии ИДМ дар Душанбе.

Пас аз фосилаи қариб семоҳаи поёни интизориҳо роҷеъ ба ширкати Русия дар итмоми нирӯгоҳи барқи обии Роғун, дигарбора гуфта мешавад, ки Маскав омодаи ширкат дар ин барнома аст.

Русия тасмими ҷиддии ширкат дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дорад ва бояд дар анҷоми ин тарҳ нақши Русия муҳимтарин бошад. Ин изҳоротро Анатолий Чубайс, раиси ширкати русии РАО ЕЭС, пас аз нишасти ҳамоиши Шӯрои энергетикҳои барқи ИДМ, баъд аз зуҳри ҷумъаи 12-уми октябр дар Душанбе дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Чубайс гуфт, ӯ субҳи имрӯз, қабл аз ҷаласаи мақомоти энержии кишварҳои Иттиҳоди ҳамсуд, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ширкати ҷониби Русия дар тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун суҳбат доштааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон низ хостори иштироки Русия дар иҷрои ин тарҳи бузургтарини энержии кишвараш мебошад:

«Феълан мавқеъи мушаххаси Русияи дар мавриди бунёди нирӯгоҳи Роғун вуҷуд дорад ва ин кишвар ба Роғун сахт таваҷҷуҳ дорад. Ва ҳамчунин ман аз суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон чунин дарёфтам, ки Тоҷикистон низ манфиатдор аст, ки Русия дар ин тарҳ нақш дошта бошад. Вале ҳамзамон бо ин ӯ хостори он аст, ки он дар доираи консорсиуми байнулмилалӣ бошад. Ба назари ман бунёди консорсиуми байнулмилалӣ дар мавриди бунёди Роғун зери раҳбарии Тоҷикистон табиъист ва мо низ ба ин ҷонибдорем. Мо бо ҷониби Тоҷикистон ба чунин қарор расидем, ки машварҳоеро дар ин маврид, аз ҷумла бо Бонки ҷаҳонӣ, анҷом диҳем. Имрӯз даври нахустини машвари якҷоя бо Бонки ҷаҳонӣ баргузор шуд ва мо тарҳи чунин консорсиумро хоҳем рехт ва қадами дигар дар ин маврид тасвиби қарордоди байниҳукуматӣ хоҳад буд, ки феълан дар ҳоли коркард қарор дорад».

Ин дар ҳолест, ки Шарифхон Самиев, раиси ширкати барқи тоҷик, мегӯяд таваҷҷуҳи кишварҳо ва сармоягузорони хориҷӣ ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон зиёд аст. Ва ӯ дар мавриди сармоягузории Чин ба бунёди нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон гуфт, бар тибқи нақша чиноиҳо бояд соли ҷорӣ дар ин тарҳҳо бояд корро шурӯъ мекарданд, аммо то кунун ин масъала норавшан боқӣ мондааст.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба сармоягузорӣ дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон, аз ҷумла, тасмими воқеъии Русияро таъкид кард.

Дар нишасти Шӯрои мақомоти энергетикаи барқии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ Исо Файзулоев, намояндаи мақомоти энержии Узбакистон изҳор дошт, ки кишвараш хаттҳои баландшиддати барқи худ бо Туркманистонро комилан тармим ва бозсозӣ карда, феълан омодааст, ки шурӯъ аз ибтидои моҳи ноябр интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро аз сар бигирад.

Ва гуфта шуд, ки бо ин мувофиқати пайвастани Туркманистон ба ҳалқаи энержии Осиёи марказӣ ҷониби Арманистон низ ба ҳалқаи энержии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд пайвастааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG