Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳви мушакҳои хатарнок дар Тоҷикистон


Раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин ва ноиби вазири дифои Тоҷикистон Рамил Нодиров дар расми маҳви барандаҳои мушакӣ.

Раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин ва ноиби вазири дифои Тоҷикистон Рамил Нодиров дар расми маҳви барандаҳои мушакӣ.

Дар канораи шаҳри Душанбе шуморе аз расонандаҳои мушакии хатарноки навъи СА-75 бо мадади донорҳои байнулмилалӣ хунсо карда шуд.

Раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Владимир Пряхин, гуфт, мавҷудияти ин аслиҳа дар қаламрави Тоҷикистонро як хатари ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва худи Тоҷикистон мебошад. Шумори аслии ин рокетҳо 108 адад мебошад ва онҳо дар анбори пойгоҳи низомии собиқ шуравӣ ҳифз мешуданд нерумандии маҷмӯии ин рокетҳои ба 65 тонна борут баробар будааст, ва дар назар аст, ки то авохири моҳи ноябри соли равон ҳамаи онҳо нобуд карда шаванд.

Ба кавли Владимир Пряхин сафири САХА дар Душанбе ин барнома бо маблағгузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаронса, Испания, Норвегия, Белгия ва кишварҳои дигар дар ҳаҷми ду миллион евро ва бо кӯшишиш САҲА амалӣ шудааст: "Ин барандаҳои мушакӣ барои ракетахои намуди зиддиҳавоӣ омода гардида, дар солҳои 70-ум истеҳсол шудаанд, айни замон онҳо метавонанд, барои минтақа хатарҳои низомӣ ва зистмуҳитӣ эҷод кунанд. Аз ҳамин сабаб қарор шуд, онҳо маҳв шаванд."

Намунаҳое аз барандаҳои мушакӣ

Рамил Нодиров, муовини вазири дифои Тоҷикистон, маҳви барандаҳои мушакиро натиҷаи ҳамкории наздики Тоҷикистон ва САҲА шуморида, гуфт, Тоҷикистон наметавонист ин навъи силоҳро безарар гардонад: "Мо имруз дар расми безарар гардонии силоҳҳои ниҳоят хатарнок ширкат доштем, ки нобуд кардани онҳо нисбат ба кишвархои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, амсоли Русия, ки дар он ҷо ҳануз дар авоили солҳои дуҳазорум ин барнома амалӣ шуда буд, дертар сурат гирифт. То кунун мушкилиҳое ба монанди ҳифзи амнияти чунин анбори силоҳ, набудани мутахассисони баландихтисос, ки тавонанд ин амалиётро ташкил ва иҷро кунанд ва мушкили набудани маблағ монеъаи ин кор буданд. Биноан мо ба САҲА муроҷиат кардем."

Барномаи маҳви барандаҳои мушакӣ дар соли гузашта тарҳрезӣ шуда, барои он мутахассисони тоҷик дар размоишгоҳи Лоҳур омӯзиш диданд.

XS
SM
MD
LG