Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВМТ: 4800 навраси тоҷик таҳсил намекунад


Бино ба иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон (ВМТ), имрӯз дар кишвар ҳудуди 4800 кудакону наврасон ба мактаб фаро гирифта нашудаанд.

Дар ин бора Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи кишвар, дар як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, як бахши аъзами онҳо хурдсолоне мебошанд, ки аз навоҳии дур ба пойтахт омада, дар бозорҳову кӯчаҳо ба боркашӣ ва мошиншӯӣ машғуланд.

Ба гуфтаи ӯ, вазорати маориф ба Донишкадаи педагогии АИ педагогӣ супориш додааст, ки ҷиҳати ҳадди ақалл барои ба таҳсили шабона фаро гирифтани ин наврасон масъалаи дар назди бозорҳои пойтахт ташкил кардани мактабҳоро таҳия намояд.

XS
SM
MD
LG