Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо Райс ва Гейтс мулоқот кард


Владимир Путин раисиҷумҳури Русия имрӯз изҳори умедворӣ кард, ки Иёлоти Муттаҳида тарҳи сипари мушакӣ дар Аврупоро ба таври оҷил амалӣ нахоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба созишномаи миёни Русияву Иёлоти Муттаҳида оид ба нобудсозии мушакҳои дораи амалашон наздик ва миёна бояд дигар кишварҳо низ ҳамроҳ шаванд. Зимни сӯҳбат бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Кондализа Райс ва вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар бӯстонсарои Ново Огарёво Владимир Путин изҳор намуд, дар ҳоле ки дигар кишварҳо тавлиди мушакҳоро идома медиҳанд, дар чаҳорчӯби ин созишномаи 20 сол пеш имзошуда боқӣ мондани Русия душвор аст.

Кондализа Райс ва Роберт Гейтс ба хотири анҷоми машваратҳо оид ба таъмини суботи стротегӣ дар олам вориди Маскав шуданд. Тарҳи мустақаршавии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави Аврупо дар меҳвари музокироти онҳо бо мақомоти Русия қарор хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG