Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А. Чубайс: Русия аз Роғун даст нахоҳад кашид


Раиси ширкати РАО ЕЭС Анатолий Чубайс иддао дорад, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун нақши калидӣ бояд дар ихтиёри Русия бошад.

Вай дар ин бора субҳи имрӯз дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе ибрози назар кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ҳоле ки сохтори консорсиуми сохтмони ин нерӯгоҳ аз сӯи Тоҷикистон омода мешавад, дар ҳар сурат Русия дар ин тарҳ ширкат хоҳад кард.

Дар мавриди нерӯгоҳи Сангтуда-1 Чубайс изҳориумед кард, ки моҳи декабр агрегати якуми он ба кор хоҳад даромад.

XS
SM
MD
LG