Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суғд: қатли ду духтари ноболиғ ба дасти ғоратгар


Чунонки ВКД-и Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаҳраки Қистакӯзи вилояти Суғд ба дасти як ғоратгари номаълум хоҳарон Ҳамида (16-сола) ва Зуҳро (12-сола) Маҳкамоваҳоро куштааст.

Гуфта мешавад, ин ғоратгар ҳангоми ба нияти дуздӣ вориди хона шудан бо ин хоҳарон рӯбарӯ шуда, бо корд ба онҳо ҳамла мекунад ва баъди расонидани чандин захмҳои вазнин онҳоро ба ҳалокат мерасонад. Баъди ин ҷиноят ӯ зару тиловориҳои қурбониҳои худ ва 100 доллари хонаводаро ба яғмо мебарад.

Аввалин шуда аз ин ҳодиса баъди аз кор баргаштанаш модари духтарон огоҳ мешавад ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.

Дар ҳоле ки ин ҳодиса, ба гуфти муфаттишон, рӯзона ба амал омадааст, ҳанӯз ҳам шахсияти ҷинояткор мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG