Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ


Х. Солана ва Н. Назарбоев дар ш. Остона

Х. Солана ва Н. Назарбоев дар ш. Остона

Ҳавиер Солана, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Қазоқистон масоили марбут ба ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, энержӣ ва сиёсатро баррасӣ кард.

Сарвари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин таъкид кард, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо алоқамандии хешро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба таъйид карданд. Дар ҳамин ҳол Хавйер Солана иттилоъ дод, ки ӯ ва сарвари Қазоқистон чанде аз масоили байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ва инчунин стротежии нави Иттиҳоди Аврупо дар мавриди Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Хавйер Солана талоши Иттиҳоди Аврупо барои боло бурдани сатҳи ҳузури хеш дар Осиёи Марказиро аз тариқи мусоидат ба рушди иқтисодиву сиёсии кишварҳои минтақа таъйид намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Қазокистон севумин ва охирин кишвари минтақа аст, ки оқои Солана аз он дидан намуд. Вай қабл аз ин дар Туркманистону Қирғизистон низ бо сарварони ин кишварҳо атрофи масоили гуногуни иқтисодиву сиёсӣ гуфтугӯ намуд.

Ба гуфтаи Досим Сатпаев, сиёсатшиноси қазоқ, ҳадафи сафари навбатии Ҳавйер Солана ва дар ду ҳафта ду мулоқот анҷом додани ӯ бо сарвари Қазоқистон низ, асосан, марбут ба масоили энергетика аст, ки Иттиҳоди Аврупо мехоҳад дар ин робита роҳҳои тақвияти нақши хешро дар минтақа пайдо намояд.

Маҳз аз Қазоқистон оғоз гардидани сафари Хавйер Солана низ ба ин масъала бастагӣ дорад. Ба андешаи Досим Сатпаев, барои Иттҳоди Аврупо Қазоқистон қабл аз ҳама чун кишвари нерӯманди дорои захоири бузурги энержӣ ҷолиб аст ва беҳуда нест, ки ИА соли гузашта бо ин кишвар дар бораи ҳамкориҳои энергетикӣ тавофуқнома ба имзо расонида буд.

Сиёсатшинос таъкид мекунад, ки Қазоқистон барои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа яке аз кишварҳои калидӣ маҳсуб мегардад ва, чун ин иттиҳод барои кишварҳои минтақа стротежии вижаеро ба миён овардааст, барои пиёдасозии он зарур аст, ки ин иттиҳод маҳз ба Қазоқистон такя кунад.

XS
SM
MD
LG