Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Амрико ба фаро хондани сафири Туркия


Дар посух ба фаро хондани сафири Туркия аз Вошингтон Кохи Сафеди Амрико изҳори умедворӣ кард, ки сафири Туркия ба зудӣ ба Амрико баргардад. Бино ба иттилоъи хабаргузории Ассошиейтед Пресс, Кондолизза Райс-вазири хориҷа ва Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико ба намояндагони аршади Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико номае навишта дархост кардаанд, ки қатъномаи қатли оми арманиҳоро ба тасвиб нарасонанд. Дар нома омадааст, ки мумкин аст ҳукумати Туркия дар посух ба ин қатънома ҳамкориҳои низомиашро бо Амрико маҳдуд кунад ва бад-ин тариқ ба манофъи амнияти миллии Амрико осеб расонад.

XS
SM
MD
LG