Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Райс ва Роберт Гейтс ба Маскав меоянд


Интизор мервад, ки имруз дар Маскав Кондолизза Райс-вазири хориҷа ва Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико бо мақомоти расмии Руссия нақшаи Амрико дар бораи иҷоди сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупоро баррасӣ кунанд. Хонум Райс дар остонаи ин боздид гуфт, Амрико ҳамчунон ҷойҳоеро дар Лаҳистон ва ҷумҳурии Чех барои иҷоди сипари дифоъи мушакӣ мехоҳад, вале ба ҳамин гуна ҷойҳо дар нуқоти дигар низ алоқа дорад. Руссия гуфтааст, дар ин нақшаҳои Амрико таҳдиде ниҳон аст. Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия дар иваз родори русии мустақар дар Озарбойҷонро пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG