Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломияи СММ дар бораи Миянмар


Шурои Амнияти СММ гуфтааст, муттаассиф аст, ки ҳукумати Миянмар тазоҳуроти ахири нируҳои ҷонибдори демократияро саркуб карданд. Дар як эъломия Шурои Амният хостааст, ки зиндониёни сиёсӣ ҳарчӣ зудтар раҳо шаванд. Шурои Амният ҳамачунин аз ҳукумати низомии ин кишвар тақозо кардааст, ки барои музокироти воқеъӣ бо раҳбари мухолифони Миянмар омода шавад. Лезлӣ Кристчен-раиси Шурои Амният эъломияро ин гуна қироъат кард:

" Шурои Амният барои ҳукумати Миянмар зарур медонад, ки ҷиҳати анҷоми музокироти воқеъӣ бо Аунг Сан Суу Кий-раҳбари мухолифон ва ҳамаи ҷонибҳои нигарон, гуруҳҳои этникӣ шароити зарурӣ фароҳам орад, то ки бо ҳимояти мустақими СММ мусолиҳаи миллии қобили қабул ба даст ояд".

Миянмар мегуяд, дар тазоҳуроти як моҳи ахир 10 нафар кушта, 2-ҳазор нафар зиндонӣ шудаанд. Ин тазоҳуротро сарбозон саркуб кардаанд. Вале дипломатҳо мегуянд, шумораи кушташудагон ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG