Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Туркия аз қатъномаи вакилони Амрико


Раҳбарони Туркия тасвиби қатънома дар кумитаи конгресси Амрикоро, ки қатли якуним миллион арманӣ дар ҷараёни ҷанги якуми ҷаҳонро наслкушӣ аз тарафи туркони усмонӣ хондааст, маҳкум карданд. Раиси ҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, ин ин қатънома барои кишвараш, ки ҳар гуна наслкушиии арманиҳоро рад мекунад, ғайриқобили қабул аст.

Нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, қатъномаи мазкур ба муносиботи Туркия бо Амрико латма хоҳад зад. Аммо вазорати умури хориҷаи Арманистон онро як гоме муҳиме дар роҳи таъмини адолат номидааст. Ин санадро рӯзи чаҳоршанбе кумитаи умури равобити хориҷии сенати Иёлоти Муттаҳида тасвиб кард ва эҳтимолан онро моҳи оянда барои раъдиҳӣ ба Маҷлиси Намояндагони ин кишвар пешниҳод мекунанд

XS
SM
MD
LG