Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гейтс ба Лондон омад


Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико вориди Ландан шуд то бо бо ҳамтои бритониёии худ Дес Бровн дар мавриди авзои Афғонистону Ироқ ва эҳтимолан парвандаи ҳастаии Ирон гуфтугу кунад.

Роберт Гейтс сипас аз шаҳри Ландан ба Маскав меравад, то ҳамроҳ бо вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо вазирони умури хориҷа ва дифоъи Русия мулоқот кунанд. Меҳвари асосии ин мулоқот барномаи Амрико барои истиқрори сипари дифоъии мушакӣ дар Аврупо хоҳад буд, ки Русия онро хатаре ба амнияти миллӣ худ медонад.
XS
SM
MD
LG