Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мегӯяд, ҷангҷӯёни тоҷикро куштааст


Артиши Покистон имрӯз эълом кард, ки дар ҷараёни набардҳои ҳафтаи гузашта дар манотиқи қабиланишин дар радифи 200 ифротгароёни исломӣ 50 ҷангҷӯи хориҷӣ низ кушта шудаанд.

Дар баёнияи расмии артиши Покистон омадааст, ки 25 ҷанҷӯи хориҷӣ узбак ва боқимонда арабу афғон ва тоҷикҳо будаанд. Аммо манобеъи мустақим дурустии ин оморро таъйид накардаанд. Ба гуфтаи рустоиёни шоҳид, дар ҷараёни набард ғайринизомиён ҳам ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG