Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати иҷрои ваъдаҳои Кореяи Шимолӣ


Гурӯҳи коршиносони амрикоӣ имрӯз вориди шаҳри Пхенян шуд, то ҷараёни ғайриқобили истифода намудани таъсисоти атомии Куриёи Шимолиро назорат кунанд.

Чанде пеш давлати Куриёи Шимолӣ дар музокирот бо Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ тавофуқ кард, таъсисоти ҳастаии Йонгбйонро, ки плутонийи лозим барои бомби атомӣ тавлид мекунад, ғайриқобили истифода мегардонад. Ин кишвар ҳамчунин ваъда додааст, ки то охири моҳи декабр тамоми барномаҳои атомии худро ошкор мекунад. Дар ивази ин қудратҳои ҷаҳонӣ бояд Куриёи Шимолӣ кумакҳои энержӣ ва замонатҳои амниятӣ бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG