Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орди арзони Чин – дар Бадахшон


Воридшавии орди истеҳсоли Чин ба вилояти Бадахшон боиси поёнравии нархҳо дар бозорҳои минтақа мегардад.

Бино ба гуфтаи Латиф Бозичаев, ҷонишини раиси идораи рушди иқтисод ва сиёсати зиддиинҳисороти вилоят, аллакай 50 тонна орд аз Кошғари Чин ба Бадахшон ворид гаштааст. Вай гуфт, тибқи шартнома бо корхонаҳои Кошғар, дар назар аст рӯзҳои наздик боз 100 тонна орд оварда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, орди чиноӣ феълан дар бозорҳои Бадахшони Тоҷикистон бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки соҳибкорони дохилӣ дар бозорҳои вилоят як халтаи орди навъи якумро ба харидорон ба қимати 115 сомонӣ пешниҳод мекунанд, ҳамин навъ орди Чин бо нархи 90 сомонӣ фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG