Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии варзишгарони ҷавони тоҷик


Варзишгарони ҷавони тоҷик Бахтиёр Саъдуллоев ва Аҳмадҷони Муҳаммад дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба теннис байни ҷавонон дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, пирӯз гардиданд.

Теннисбозони тоҷик дар сабқати ҷуфти мардона бар рақибони худ аз дастаи Узбакистон ғолиб омада, мақоми аввалро касб карданд ва ба ҳаққи ширкат дар давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии қорра сазовор шуданд.

Инчунин Бахтиёр Саъдуллоев дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҷои чаҳорум ва Аҳмадҷони Муҳаммад дар ҷои панҷум қарор гирифтанд.

Дар сабқати духтарон теннисбозони ҷавони тоҷик Азиза Азизова ва Таҳмина Бурҳонова то марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамзамон ду варзишгари тоҷик – Ҳусниддин Алиев ва Суҳроб Хоҷаев – дар мусобиқоти байнулмилалӣ байни наврасони то 15-сола дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, се медали тило ва як нишони брунз ба даст оварданд.

Ҳусниддин Алиев дар дискпартоӣ ва ҳаво додани гулӯла соҳиби ду медали тило гардид. Варзишгари тоҷик дар гулӯлапартоӣ бо натиҷаи 15 метру 57 сантиметр рекорди инфиродии худро гузошт.

Дар ҳамин ҳол Суҳроб Хоҷаев бо натиҷаи рекордии 60 метру 59 сантиметр дар байни гурзандозон мақоми аввалро касб кард. Ӯ ҳамчунин дар дискпартоӣ низ хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар ин мусобиқот беш аз 260 варзишгар аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазлқистон ва Узбакистон иштирок намуданд.

XS
SM
MD
LG