Пайвандҳои дастрасӣ

Н. Назарбоев: «Тоҷикистон шарики стротежии мост»


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Тоҷикистонро шарики боэътимоди стротежии кишвараш хонд.

Ин нуктаро раисиҷумҳури Қазоқистон ҳангоми маросими пазируфтани усуворномаи Баҳром Холназаров, сафири фавқулъода ва мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон, баён намуд.

Сарвари Қазоқистон таъкид кард, ки имрӯз самтҳои асосии ҳамкорӣ байни ду кишвар ин пиёдасозии тарҳҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ, сохтмон, нақлиёт ва кишоварзӣ аст. Назарбоев афзуд, ки ҳарду кишвар ҳамкории дуҷонибаи хешро дар бахши амнияти минтақавӣ, равандҳои ҳамгароӣ дар чаҳорчӯби фаъолият дар ИДМ, созмони Ҳамкории иқтисодии «Авросиё», Созмони ҳамкории Шонгҳой ва созмони Шартномаи амнияти дастиҷамъӣ муваффақона идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG