Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонаи нав шурӯъ ба кор кард


Бино бар иттилоъи аз ширкати саҳомии «Фондарё» расида, дар Тоҷикистон нахустин корхонаи истеҳсоли биоэтанол шурӯъ ба кор намуд.

Гуфта мешавад, ки ин корхона дар як шабонарӯз ҳудуди 20 тонна биоэтанол истеҳсол менамояд. Ба гуфтаи раҳбарияти ин корхона, феълан дар инҷо биоэтанол, ки «бензини сабз» ҳам номида шуда, коркарди он дар ИМА, баъзе кишварҳои Амрикои ҷанубӣ ва Осиё ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, аз ҷуворимакка истеҳсол мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки истеҳсоли биоэтанол дар кишвар бори нахуст таҷриба мешавад, ва он назар ба бензин мушаххасоти беҳтари экологӣ ва нархи ба маротиб арзонтареро – 2,8 сомонӣ ($0,81) – дорост.

Масъулини корхона мегӯянд, ки биоэтанол муодили бензини навъи «А-98» буда, дар ҳоли ҳозир дар 5 нуқтаи шаҳри Душанбе фурӯши он бо номи «бензини ТҶ-98» ба роҳ монда шудааст.

XS
SM
MD
LG