Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД-и Русия ба Рустам танҳо 1200 доллар мепардозад


Додгоҳи шаҳрии Маскав, пойтахти Русия, шикояти Рустам Бойбеков, шаҳрванди Тоҷикистон, дар бораи афзудан бар маблағи ҷуброн ба ӯро рад кард.

Додгоҳ пас аз расидагӣ ба шикояти ҷонибҳо ҳукми додгоҳи ноҳияи Москваретскаяи шаҳри Маскавро, ки дар мутобиқат ба он Вазорати дохилаи Русия бояд ба Рустам Бойбеков 30 000 рубли русӣ (муодили 1 200 доллари амрикоӣ) ҷубронпулӣ бипардозад, бидуни тағйир боқӣ гузошт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вакили мудофеъи Р. Бойбеков талаб кардааст, пулисе низ, ки ба Рустам тир андохта буд, бояд ҷубронпулӣ бипардозад.

XS
SM
MD
LG