Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро барои кишвараш як шарики боэътимоду дарозмуддат стротежӣ ва муттафиқ хонд.

Ин нуктаро раиси ҷумҳури Қазоқистон дар расми пазириши устуворномаи Баҳром Холназаров, сафири фавкулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон баён намуд. Сарвари Қазоқистон таъкид кард, ки барои имрӯз самтҳои асосӣ ва мушаххаси ҳамкорӣ байни ду кишвар пиёдасозии тарҳҳо дар бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, сохтмон, риштаҳои тронспурт ва иртиботот ва риштаҳои маъодин ва кишоварзӣ аст. Нурсултон Назарбоев ҳамчунин афзуд, ки ҳарду кишвар ҳамкории мутақобилаи хешро дар масоили амнияти минтақавӣ, равандҳои ҳамгароӣ дар чаҳорчӯби фаъолият дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил,Созмони ҳамкории иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва созмони Паӣмони амнияти дастиҷамъӣ муваффақона идома медиҳанд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон ҳарф зада гуфт, ки имрӯз ҳарду кишвар захираву имконоти бузург ҷиҳати ҳамкорӣ дар риштаҳои тиҷорат, нафту гоз ва илму фарҳанг доранд.

Ин изҳороти Назарбоев дар ҳоле садо медиҳад, ки саҳми ширкатҳои Қазоқистон дар иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад. Чунончи, ҳолдинги мавсум ба «Алина»-и Қазоқистон қасд дорад дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди масолеҳи сохтмонӣ бунёд бикунад. Ба иттилоъи Вазорати энержию саноати Тоҷикистон, ҳолдинги мазкур барои сохтмони корхонаи тавлидотӣ дар конҳои истихроҷи мармару гаҷи ин кишвар изҳори омодагӣ кардааст. Ширкати қазоқӣ азм дорад барои иҷрои ин тарҳ 20 миллион евро масраф намояд. Ба ҷуз ин «Алина-Ҳолдинг» ваъда додаст, ки дар ин корхона ба 400 сокини маҳаллӣ ҷойи кор медиҳад. Феълан ин масъала мавриди баррасии Вазорати энержию саноати Тоҷикистон қарор гирифтааст.


Муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро на танҳо узвияти ду кишвар дар созмонҳои зиёди минтақаӣ, балки фаъолияти густардаи сафири собиқи Тоҷикистон дар Қазоқистон Акбаршо Искандаров, мавҷудияти маҳфилҳои зиёди тоҷикон дар Қазоқистон, ҳамкории олим ва адибони тоҷик Сафар Абдуллоҳ, Қодир Рустам, овозхони шаҳир Далери Назар бо аҳли фарҳанги қазоқ заминагузорӣ кардааст.



XS
SM
MD
LG