Пайвандҳои дастрасӣ

Марги 4 сарбоз дар як садамаи автомобилӣ


Бар асари як садамаи автомобилӣ дар мавзеъи Навдонаки ноҳияи Нуробод, 155-километрии пойтахти Тоҷикистон, 4 сарбози нерӯи низомии ин кишвар кушта шуда, беш аз 12 нафари дигар захми шадиди ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар минтақаи Рашт хабар дод, ки 16 сарбози Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас адои хизмати аскарӣ дар роҳи Рашт – Душанбе савори мошини КамАЗ, ки ҳомили 5 тонна картошка будааст, савор мешаванд. Дар нимаи роҳ мошин дучори садама мешавад.

Аммо комиссариати низомии ноҳияи Рашт мегӯяд, ки дар амри гусели аскарон тибқи қавонини ҷории кишвар қисми ҳарбие, ки дар он адои хидмат шудааст, муваззаф мебошад. Ва ин қисми ҳарбӣ вазифадор аст, ки аскарони адои хидмат кардаро аз ҷои хидмат то манзили зисти онҳо гусел кунад.

XS
SM
MD
LG