Вазорати умури хориҷии Амрико мегуяд, намояндагони аршади шаш кишвари нируманди ҷаҳон ҳафтаи оянда дар Аврупо бо ҳам мулоқот мекунанд, то имкони эъмоли таҳримҳо алайҳи Эронро баррасӣ кунанд, зеро Теҳрон аз қатъи баномаҳои ҳастаиаш сарпечӣ мекунад Шон Мак Кормак-сухангуи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, дар ин мулоқот аз ҷониби Амрико Николас Бурнз-муовини вазири корҳои хориҷа ширкат хоҳад дошт. Мумкин аст ин мулоқот 17-уми октябр баргузор шавад, вале шаҳри аврупоии мизбони ин мулоқот то ҳол эълон нашудааст.