Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии мухолифони Белорус ба раҳпаймоӣ


Фаъолини ҳуқуқи башари Белорус мегуянд, мақомоти давлатӣ мухолифонро нагзоштаанд, ки ҳафтаи оянда дар Минск-пойтахти Белорус раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомот 10 нафар аз созмондиҳандагони мухолифонро боздошт кардаанд. Гуруҳҳои мухолифи давлат умедворанд, ки дар раҳпаймоии рузи якшанбе, 14-уми октябр аз 10-ҳазор то 30-ҳазор нафарро ба хиёбонҳо хоҳанд овард, то бад-ин тартиб Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Белорусро водор кунанд, ки муносибот бо Арупоро беҳтар кунад. Аммо пулиси Минск мегуяд, ки мақомот гирдиҳамоӣ дар майдони Октябри Минскро мамнуъ эълон кардаанд. Александр Лебедко-раҳбари мухолифон гуфтааст, ки бо вуҷуди чунин мамониъат онҳо талош хоҳанд кард, ки дар майдони марказӣ раҳпаймоӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG