Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии гаравгони олмонӣ таъйид шуд


Франк Волтер Штайнмайер-вазири хориҷаи Олмон таъйид кард, ки гаравгони олмонӣ аз асорат дар Афғонистон озод шудааст. Ин гаравгон бештар аз ду моҳ дар асорат нигоҳ дошта мешуд. Қаблан мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ки ин шаҳрванди Олмон якҷо бо чаҳор гаравгони афғон озод шудаанд. Муҳаммад Наим-вулусволи Ҷағатои вилояти Вардак гуфт, муҳандиси олмонӣ ва гаравгонони афғон бо панҷ зиндонии Толибон радду бадал шудаанд.

XS
SM
MD
LG