Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъномаи қатли оми арманиҳо ба тасвиб расид


Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Конгреси Амрико қатъномаеро дар бораи қатли оми арманиҳо ба тасвиб расонд. Тибқи ин қатънома куштори арманиҳо дар соли 1915 қатли ом дониста мешавад. Бо вуҷуди ҳушдори қаблии Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора, ки ин қатънома метавонад ба муносиботи Амрикову Туркия хадша ворид кунад, ин қатънома ба тасвиб расид. Билофосила баъд аз тасвиби ин қатънома Абдуллоҳ Гул-раиси ҷумҳури Туркия ин қатъномаро ғайриқобили қабул хонд. Дар ин қатънома куштори арманиҳо аз суи туркҳо дар соли 1915 қатли ом арзёбӣ шудааст. Туркия муттаҳиди калидии Амрико дар паймони НАТО дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG