Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷа


Дар Душанбе бо ибтикори созмони "Ҷомеаи боз-Бунёди Сорос" барои довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷа як намоишгоҳи иттилоотӣ баргузор шуд. Ин намоишгоҳи маълумот барои беш аз 500 ҷавонон ва наврасон барномаҳои омӯзишии донишгоҳу созмонҳои байнулмилалиро муаррифӣ ва аз забони хатмкардаҳои донишгоҳҳои ғарбӣ ва масъулини барномаҳои омӯзишии байнулмилали шароити таҳсил, имконот ва имтиёзоти ин макотибро бозгӯ кард.

Заррина Қодирова, ҳамоҳангсози созмони "Ҷомеаи боз-Бунёди Сорос", мегӯяд, баргузории ин чорабинӣ барои рушду муваффақияти ҷавонон мусоидат мекунад ва ҳамасола даҳҳо ҷавонон баъд аз ширкат дар намоишгоҳ имкони бештари идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои дилхоҳашонро пайдо мекунанд.

Намоишгоҳи мазкур сар аз соли 2002 ҳамасола дар Душанбе барпо мешавад ва қарор аст ҳафтаи оянда чунин намоишгоҳ дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG