Пайвандҳои дастрасӣ

Норозигиҳо ба қатъномаи наслкушии арманиҳо


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс имрӯз ҳушдор дод, ки қатъномаи Конгресси Амрико дар мавриди куштори арманиҳо дар соли 1915 барои талошҳои Вошингтон дар Ховари Миёна "мушкилофарин" хоҳад буд. Ин қатънома, ки шоми имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Амрико арзёбӣ мегардад, даъват мекунад, ки қатли арманиҳо аз тарафи туркҳо дар соли 1915 наслкушӣ ё генотсид унвон шавад. Райс гуфт, қабули чунин санад ба барномаҳои Амрикоро дар Ироқу ва Афғонистон осеб хоҳад расонд. Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул дар номае ба президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ҳушдор дод, ки агар Конгресс ин қарорро қабул кунад, муносибатҳои ду кишвар бо мушкил рӯбарӯ хоҳанд шуд. Буш шоми имрӯз изҳороте хоҳад дод ва дар он аз аъзои Конгресс хоҳад хост, ки аз ин тарҳ пуштибонӣ накунанд.

XS
SM
MD
LG