Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон: январ -- интихоботи порлумонӣ


Сарвазири Покистон Шавкат Азиз имрӯз гуфт, интихоботи умумӣ дар кишвараш дар аввали моҳи январ ба амал хоҳад омад. Дар он ҳайъати нав порлумони Покистон ва шӯроҳои маҳаллӣ интихоб хоҳанд шуд. Аммо Азиз таърихи мушаххасеро барои интихобот ном набурд. Ин эълон дар ҳоле садо медиҳад, ки аҳзоби мухолифи давлати Покистон пирӯзии чашмгири президент Парвиз Мушаррафро дар интихоботи президентии рӯзи шанбеи 6-уми октябр эътироф намекунанд. Додгоҳи Олии Покистон гуфтааст, натиҷаҳои ин интихобот замоне расмӣ мешаванд, ки додгоҳ ҳукмашро дар бобати қонунмандии давраи нави панҷсолаи Мушарраф мушаххас кунад.

XS
SM
MD
LG