Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманистон: аввал хеш ва баъд ҳам – хеш


Дар Осиёи Марказӣ анъанаи деринаи имтиёз ба ақаллият ва қашшоқӣ ба аксарият ҳукмфармо мебошад. Дар ҳамин росто ба назар мерасад, ки президенти нави Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ фарҳанги хешутабор ва қабилапарастиро идома медиҳад.

Дар давраи ҳукмронии президент Сапармурод Ниёзов Туркманистон худкоматарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ унвон гирифта буд. Баъди фавти Ниёзов раисҷумҳури нав Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов иқдомҳои маҳдуде роҳандозӣ намуда, дар баъзе соҳаҳо мониъаҳоро рафъ намуд.

Иддае аз шореҳон мегӯянд, иқдомҳои Бердимуҳаммадов воқеъӣ буда, ҳадаф доранд, ки Туркманистонро ба демократия ҳидоят намоянд. Аммо дигарон, баръакс, амалкардҳои ӯро ҳамчун рамзи ҳукмронии худкома арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи душанбе президенти Туркманистон вазири амният Гелдимуҳаммад Оширмуҳаммадов ва вазири корҳои дохилӣ Хоҷамурод Аннақурбоновро аз вазифаҳояшон барканор намуд. Дар ҳамин ҳол бар зидди ҳар ду мансабдори собиқ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Дар ин бора худи Бердимуҳаммадов мегӯяд: «Ахиран кори вазорати корҳои дохилӣ бадтар шуд. Тавре пештар гуфта будам, дар байниа афсарон аз нав порахӯрӣ афзоиш ёфтааст. Бахшҳои вазорати корҳои дохилӣ ва ходимони ин вазорат аз қудрат суиистифода мекунанд».

Гуфта мешавад, дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳомии қадимии режими Ниёзов генерал Оқмурод Раҷабов, ки раёсати Горди президентиро бар дӯш дошт ва мушовири муътамади Ниёзов ба шумор мерафт, ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамин тавр соҳибкор Мурод Оғоев, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо маъмурияти суратҳисобҳои бонкии президенти Туркманистонро бар дӯш дошт, ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуд.

Вале Ҷон Маклеод, шореҳи Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ, воқеъ дар Лондон, бар ин назар аст, ки низоми давлатдории мавҷуд дар Туркманистон татбиқи ислоҳоти воқеъиро душвор намудааст. Ӯ мегӯяд: «То вақте ки дар Туркманистон сохтори асосии ҳукми худкома вуҷуд дорад, ва он, ба фикри ман то дер замон идома хоҳад дошт, мушоҳида намудани исолоҳот ва беҳбуд душвор мешавад, зеро табиъати ин низом тавлиди ислоҳоту дигаргуниро дар назар надорад».

Маклеод муътақид аст, ки эҳтимол Бердимуҳаммадов дар пайи ислоҳот бошад, вале ба ӯ тағйири механизмҳои маъмурӣ ба осонӣ муяссар нахоҳад шуд, зеро мансабдорони зиёд аз вазъи кунунӣ баҳрабардорӣ мекунанду ҷонибдори давом доштани он ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол Аркадий Дубнов, шореҳи умури Осиёи Марказӣ дар рӯзномаи «Время новостей» (чопи Маскав), мегӯяд, ки президенти нави Туркманистон ҳамдеҳагонашро ба вазифаҳои баланд пешбарӣ кардааст. Ба фикри ин шореҳи рус, Бердимуҳаммадов ба хотири таҳкими мавқеъаш хешу ақрабо ва ҳамқавмҳояшро ба мансабҳои калидӣ таъйин хоҳад кард: «Ҳамаи онҳо аз як манбаъ сар гирифтаанд. Дар Русия ин манбаъ қавми санкт-петербугиҳо мебошад, ки бар асоси кор таҳия шудааст. Яъне дар он афсарони КГБ ва ҳамкорони мавриди эътимоди президент Путин аз шаҳри Санкт-Петербург ҷову вазифа гирифтаанд. Вале дар Туркманистон такя бар рӯи хешовандону ҳамқавмҳо мебошад.

Анъанаи дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбарии фарзандони раҳбарон ба вазифаҳои баланди давлатӣ мебошад. Вале фарзандони ӯ дар хориҷа ҳастанд ва маълум нест, ки онҳо замоне ба ватан баргашта, аз имтиёзҳои падарӣ истифода мебаранд ва ё ҳаёти ором дар хориҷи кишварро ихтиёр хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG