Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озодии 1400 маҳбус дар Ироқ дар поёни Рамазон


Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ мегӯянд, ба муносибати Иди Фитр ва ё поён моҳи муқаддаси Рамазон 1 400 маҳбусро аз зиндон ва боздоштгоҳҳо озод кардаанд. Генерал Дуглас Стоун, фармондеҳи муассисаҳои нигаҳдории маҳбусон дар Ироқ гуфт, барномаи ҳар рӯз озод кардани 50 маҳбус баъд аз поёни Рамазон низ идома хоҳад кард. Моҳи муқаддаси Рамазон, ки моҳи нузули Қуръони маҷид дониста мешавад, дар нимаҳои сентябр шурӯъ шуда, ин ҳафта ба охир мерасад. Бахши бузурги 25 ҳазор маҳбус, ки дар дасти нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, суннимазҳабоне мебошанд, ба даст доштан дар ошӯбҳои зидди нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида айбдор шудаанд.

XS
SM
MD
LG