Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози Намоишгоҳи ҷаҳонии китоб дар Франкфурт


Имрӯз дар шаҳри Франкфурти Олмон Намоишгоҳи ҷаҳонии китоб ифтитоҳ ёфт, ки бузургтарин ҷашнвораи китоб дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар он садҳо ҳазор нусха китоб ба намоиш гузошта мешавад ва тахмин меравад, наздик ба сесад ҳазор нафар аз намоишгоҳ дидан хоҳад кард. Расман намоишгоҳи имсола вазъи забон ва адабиёти каталониро дар Испониё дар маркази диққат қарор додааст. Хабарнигори радиои Фардо Шаҳроми Мириён, ки дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ ширкат дошт, мегӯяд, Тоҷикистону Афғонистон дар ин намоишгоҳ ҳузур надоранд ва китоби форсиро танҳо ноширони Эрон намояндагӣ мекунанд. Вай меафзояд, вижагии дигари Намоишгоҳи ҷаҳонии китоб ин аст, ки наздик ба 30 дарсади ктобҳо дар шакли СD, забти овоз ва видео ба фурӯш баромадаанд. Ба гуфтаи хабарнигор, намоишгоҳи имсола шояд сиёситарин давраи он дар таърихи наздик ба шастсолааш бошад, зеро шиори имсола мубориза бо сонсур ва манъи ин ё он китоб аст.

XS
SM
MD
LG