Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар баҳси Путин ва Саркозӣ


Президенти Русия Владимир Путин имрӯз гуфт, ягон далели ин мавҷуд нест, ки Эрон дар талоши бунёди силоҳи ҳастаист. Путин дар ҳоле ки баъд аз мулоқот бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ дар Кремл сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, Русия бо Ғарб ҳамфикр аст, ки барномаи ҳастаии Эрон бояд "мутлақан шаффоф" бошад. Вай афзуд: "Мо маълумоте надорем, ки Эрон кӯшиш дорад, силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад. Чунин маълумоти дуруст дар дасти мо нест. Биноан тасаввури мо ин аст, ки Эрон чунин нақшаҳо надорад. Вале мо нигаронии шарикони худро дуруст мешуморем, ки бояд ҳамаи барномаҳои Эрон комилан шаффоф ва рӯшан бошанд."

Саркозӣ гуфт, вай ва Путин як силсила масъалаҳои зиёдеро, ба ҷумлаи барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ кардаанд. Русия аз даъватҳои Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида ба эълони таҳримҳои нави Шӯрои амният зидди Эрон пуштибонӣ намекунад. Ин аввалин сафари Саркозӣ ба Русия аст, ба ҳайси президенти Фаронса.

XS
SM
MD
LG