Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснашинии маҳбусони Пуличархии Кобул


Раиси маҳбасҳои Афғонистон мегӯяд, даҳҳо маҳбуси зиндони Пуличархии Кобул ба нишони эътироз аз иҷрои ҳукми қатли 15 маҳкумшуда гуруснашинӣ эълон кардаанд. Абдулсаломи Асмат гуфт, бештарини маҳбусони эътирозгар ба ҷумбиши Толибон ва шабакаи Ал Қоида пайванд доранд. Вай гуфт, хабарҳои матбуоти маҳаллиро, ки гӯё беш аз бист зиндонӣ наздик ба 200 маҳбуси дигарро ба гуруснагӣ маҷбур кардаанд, тасдиқ карда наметавонад. Иҷрои ҳукми қатли 15 маҳбус, ки охири ҳафтаи гузашта ба амал омад, дувумин ҳодисаи ҳамсон аст аз замони барканории ҳукумати Толибон дар Афғонистон.

XS
SM
MD
LG