Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ қатли ғайринизомиёнро маҳкум кард


Ҳукумати Ироқ имрӯз ҳодисаи ҳалокати ду зан дар Бағдодро, ки аз тири посбонони хориҷӣ кушта шуданд, маҳкум кард. Дар изҳороти ҳукумат омадааст, ин ҳодиса мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Ширкати Unity Resources Group, ки дар Дубай марказ дорад, аз ин рӯйдод иҳзори таассуф кард.

Посбонони ин ширкат рӯзи сешанбе дар ҳоле ба тарафи занон оташ кушоданд, ки баҳси миёни ҳукумати Ироқ ва ширкати амниятии амрикоии Блейкуотер зимни айни чунин рӯйдод ба авҷи худ расидааст. Бағдод аз ин ширкат талаб кардааст, ки барои қатли 17 шаҳрванди ироқӣ дар моҳи гузашта 136 ҳазор доллар товон супорад.

XS
SM
MD
LG