Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санкт-Петербург: задухӯрди таҳҷоиҳо ва тоҷикон


Хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар Русия Муҳаммадраҳими Сайдар хабар медиҳад, ки дар Санкт-Петербург, дувумин шаҳри бузурги ин кишвар, шаби душанбе ба сешанбе байни гурӯҳе аз ҷавонони таҳҷоӣ ва гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик задухӯрди калоне сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки бар асари ин задухӯрд теъдоди зиёде захмҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористонҳои шаҳр интиқол гардидаанд.

Дар ҳоле, ки пулиси маҳаллӣ чанд нафари даргирро боздошт кардааст, вале ҳамоно мақомоти зирабти шаҳр аз мансубияти миллии онҳо маълумоти саҳеҳе намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG