Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд


Як шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар марзи Афғонистон гаравгон гирифта шудааст, ки тақдираш то ҳол норавшан боқӣ мондааст.

Додситонии ноҳияи Шӯрообод, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, ин бо таъйиди ин хабар гуфт, ки шаби 26-ум ба 27-уми сентябр шаҳрванд Муҳаммадшариф Ҳотамов аз манзили худ дар ҷамоати Шоҳон аз тарафи ашхоси номаълум рабуда шудааст.

Тибқи фарзияи пешакии мақомот, рабояндагони ин шаҳрванди Тоҷикистон аз Афғонистон будаанд. Саидҷон Салимов, додситони ноҳияи Шӯрообод, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва феълан бахши минтақавии Кумитаи амнияти миллӣ дар Кӯлоб онро таҳқиқ мекунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ин аввалин ҳодисаи қочоқи инсон дар ноҳияи Шӯрообод нест ва дар 9 моҳи соли равон 8 сокини ноҳия аз сӯи шаҳрвандон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи Афғонистон гаравгон гирифта шудаанд.

Феълан чанд ҷавону наврас аз ҷамоати Марғоби хоҷагии Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ноҳияи дигари ҳаммарзи Афғонистон, низ дар гаравгонӣ ба самебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки иддае аз таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, сабаби боздошт ва гаравгонгирии шаҳрвандони мо аз сӯи гурӯҳҳои роҳзани Афғонистон даст доштани онҳо дар хариду фурӯши маводди мухаддира будааст, ки гӯиё ин гаравгонҳо бар ивази маводи мухаддир бар шарикони афғони худ пули тақаллубӣ медодаанд.

Дар ҳоле ки раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз вуҷуди далели одамрабоӣ дар ҷануби кишвар изҳори бехабарӣ мекунад, коршиносон мегӯянд, феълан дар хоки Афғонистон тақрибан 25 шаҳрванди Тоҷикистон дар гаравгонӣ ба сар мебаранд. Аз ҷумла коршиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки талафоти моддиву ҷонии шаҳрвандони тоҷик ба бемасъулиятӣ ва адами таъмини амнияти Тоҷикистон аз сӯи мақомоти марзбонӣ иртибот дорад.

Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки одамрабоӣ дар ноҳияи Шӯрообод сокинони маҳаллиро дигар дар ҳайрат намегузорад. Мақомоти Шӯрообод мегӯянд, бо сар задани чунин ҷиноёт мубориза мебаранд, аммо барои ҷилавгирӣ аз ин ҳаводис мебояд нерӯҳои тамоми ниҳодҳои қудратӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Гуфта мешавад, дар аввали соли 2007 алайҳи чанд шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки аъзои як ташаккули ҷиноии одамрабоӣ дар Тоҷикистон будаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG