Пайвандҳои дастрасӣ

250 шӯришии ҷонибдори Толибон кушта шудаанд


Низомиёни Покистон мегӯянд, ки дар чанд рӯзи даргириҳо дар вилояти Вазиристони Шимолӣ дар манотиқи қабиланишини Покистон 250 нафар шӯришиёни ҷонибдори Толибони Афғонистон кушта шудаанд. Бино ба хабари ҳамин манбаъ, 45 сарбози артиши Покистон низ кушта, 15 нафари дигар бедарак шудаанд. Бино ба баъзе гузоришҳо, дар миёни аҳолии деҳоти ин минтақа низ дар даргириҳо чандин нафар кушта шудаанд. Афроди Толибон ва Ал Қоъида баъд аз суқути режими Толибон дар дар Кобул ба ҳамин манотиқ паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG