Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳукми қатл вуҷуд надорад


Дар Тоҷикистон иҷрои ҷазои истисноии ҳукми қатл аз соли 2005 лағв гардид ва дар қонуни кайфарии ин кишвар ба ҷойи он ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муддати сӣ сол ва ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ гардид. Ибтидо дар моҳи июни соли 2004 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳукми эъдом дар ин кишвар ба ҳолати таълиқ дароварда шуд. Ҳамзамон бо ин дар пайи ислоҳоти ворида дар қонуни ҷазо шумори моддаҳое, ки ҳукми эъдомро пешбинӣ мекард, аз 16 то ба панҷ коҳиш дода шуд. Дар тавзеҳот ба фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати лағви ҷазои истисноии ҳукми қатл гуфта мешуд, ки ин ислоҳот идомаи равандест, ки давлати Тоҷикистон барои низоми додгоҳи кишвар ва қонунгузории он рӯи даст гирифтааст.


Аз сӯи дигар Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо муваззаф аст ӯҳдадории худ дар баробари ин созмонҳоро риоят кунад ва қонунҳои худро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад. То замони лағви ҳукми эъдом дар Тоҷикистон ин навъи ҷазо бо истифода аз силоҳи оташфишон сурат мегирифт. Ва ҷасади фарде, ки эъдом мегашт, ба пайвандон дода намешуд. Ба ин тартиб ҳоло дар қонуни ҷазои Тоҷикистон ҳукми ниҳоӣ ё истисноӣ ҳабси якумрист, ки он барои афроде татбиқ мешавад, ки дар ҷиноёти куштори инсон, терроризм, наслкушӣ ва хиёнат ба ватан муҷрим дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG