Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" мехоҳад соҳиби силоҳи қатли ом шавад


Коршиносони амрикоӣ мутмаинанд, ки созмони “Ал-Қоида” аз талошҳои дарёфти силоҳи қатли ом даст набардоштааст. Тибқи гузориши “Стротегияии миллии амнияти дохилӣ”, ки ахиран аз сӯи коршиносони Кохи Сафед таҳия гардид, террористҳои байнулмилалӣ талош доданд, то ҷосусҳои худро дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида ҷойгир кунанд.

Ба навиштаи муаллифон, ба “Ал-Қоида” муяссар гардид, ки баъд аз шурӯъи амалиёти байнулмилалии зиддитеррор аксари раҳбарони аввали худро ҳифз кунад ва дар манотиқи кӯҳии миёни Афғонистону Покистон пойгоҳ таъсис диҳад.

Ҳамин гуна гузориши Кохи Сафед бори ахир соли 2002-юм нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG