Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини Мянмар омодаи музокиротанд


Мухолифини ҳукумати Мянмар эълом доштанд, ки барои музокирот бо режими низомии кишвар омадаанд. Ва аммо, омадааст дар изҳороти Лигаи миллӣ оид ба демократия, ба шарте, ки мақомот ягон шарти пешакӣ ба миён нагузорад. Лигаи миллӣ оид ба демократия аз тавонотарин неруи мухолифи ҳукумат аст ва сарвари он барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Чжи таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Қаблан мақомоти Мянмар гуфта буданд, ки агар Су Чжи аз “тахрибкорӣ” даст бардорад, омодаанд бо ӯ сари мизи гуфтушунид нишинанд.

Ахиран Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Мянмар даъват кард, ки ба гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ барои сафар ба кишвар иҷоза диҳанд. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳангоми саркӯб кардани намоиши эътирозии роҳибони буддоӣ дар Мянмар тақрибан 200 нафар кушта ва ҳазорҳо нафар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG