Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони нави ҷоизаи Нобел эълон шуданд


Имрӯз Кумитаи ҷоизаҳои Нобел барандагон дар бахши физикаро эълон кард. Алберт Фер – донишманди фаронсавӣ ва Петер Грюнберг аз Олмон ба ин ҷоизаи бонуфуз барои пажуҳиш дар бахши магнетизм мушарраф шуданд. Бозёфти илмии онҳо имкон медиҳад, ки дар дискҳои компутарӣ иттилоъи ҳарчӣ бештар ҷой дода шавад.

Маблағи ҷоизаи Нобел имсол яку ним миллион доллар муқаррар шудааст.

Маросими супурдани ҷоиза рӯзи 10 декабр дар шаҳри Стокҳолм баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG